21 ноябри соли 2023 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор таҳти раисии муовини раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзоёни Шуро – намояндагони раёсатњои дахлдори Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон ва роњбарияти вазорату идорањои дахлдор, намояндагони шарикони рушд, инчунин аъзои котиботи Шўро иштирок намуданд.
Ҷаласаро сухани ифтитоҳи муовини раиси Шӯро оғоз намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор ибрози ақида намуд.
Доир ба масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа пешбини гардида ахбороти Директори Агентии назорати маводи нашъаовар, муовинони раисони вилоятҳои Хатлону Суғд ва намояндагони масъули шарикони рушд доир ба таъмини иљрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллї оид ба назорати маводи нашъаовар дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2030 шунида шуд.
Дар ин робита, пас аз муҳикимаи масъалаҳои мавҷуда, роҳбарияти вазорату идорањои дахлдори љумњурї ва маќомоти иљроияи мањалии њокимияти давлатї муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо бо шарикони рушд вобаста ба татбиқи Стратегияи миллї оид ба назорати маводи нашъаовар дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2030 пайваста тадбирҳои иловагии судманд андешанд.
Қобили зикр аст, ки Стратегия фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои ҷамъиятиро дар самти мубориза ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, назорати муомилоти қонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ ва табобату офиятбахшии беморони нашъамандро ҳамоҳанг месозад.
Дар хотимаи ҷаласа Наќшаи фаъолияти Шўрои њамоњангсозї оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2024 тасдиќ карда шуда, аъзои Шӯро ва вазорату идорањои дахлдор муваззаф гардиданд, ки иљроиши онро сариваќт таъмин намоянд.