Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Минск бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Беларусро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.

Доир ба ҷараёни мусбати муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Беларус, рушди устувори шарикии стратегии ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангию башардӯстона ва дигар соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байнидавлатӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.

Дар ин зимн Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории худро аз фаъол гардонидани кор дар самти афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Беларус тавассути ташкили робитаҳои нави кооператсионӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштараки барои тарафҳо судманд изҳор намуданд.

Ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баҳои мусбат дода шуда, беҳтаршавии фаъолияти Шурои кории Тоҷикистон ва Беларус таъкид гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таъсиси гурӯҳи муштараки кориро оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи молиявӣ, ки ҷаласаи якуми он моҳи феврали соли равон баргузор гардид, таъкид намуданд.

Ҷонибҳо аҳамияти рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи илму маорифро махсус таъкид намуданд.

Доир ба андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати ғанӣ гардонидани муносибатҳои ҳамкории ду давлат бо мӯҳтавои нави амалӣ изҳори омодагӣ карда шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин оид ба мушкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар анҷом доданд.