Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ПАРЧАМ- МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

24 ноябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид намудани Парчами миллӣ ба толор ва хондани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ ҷаласаи тантанави оғоз гардид.

Директори Агентӣ, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода ҳозиринро ба ифтихори ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки дар таърихи ҳар як халқу давлат санаҳое мавҷуданд, ки онҳоро бешакку шубҳа санаҳои сарнавиштсоз номидан мумкин аст. Таърихи пайдоиши парчами кишвари мо ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии қадим рост меояд.

Зикр гардид, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёрро парчами он муаррифӣ менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам, маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ, фарҳангиву маънавии миллӣ ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад.

Дар чорабини кормандони Агентӣ  баромад намуда, оид ба тартиби афрохтан ва ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон дар ҷойҳои муайян, моҳият  ва заминаҳои ҳуқуқии он баромад карда, Парчамро таҷассумгари таърихи куҳан, рамзи давлатдории миллӣ ва пойдории давлат арзёбӣ намудаанд.