Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Дар Агентӣ вохурии Ҳабибулло Воҳидзода бо хонум Ашита Миттал баргузор гардид

27 ноябри  соли 2023 Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо Намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар рафти вохӯрӣ татбиқи Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъовар ва ҷинояткорӣ  барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025 муҳокима гардида, дурнамои ҳамкориҳоро дар доираи ин Барнома мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳисоботи Раёсати СММ оид ба маводи нашъовар ва ҷинояткорӣ “Шаҳр оид ба афюн дар Афғонистон дар соли 2023”табодули афкор анҷом доданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳор намуданд, ки барои боз ҳам равнақ ёфтани ҳамкории эътимоднок ва судманд дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар оянда низ тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.