Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии Директори Агентӣ бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

05 декабри  соли 2023 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ  генерал–майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф баргузор гардид.

Баъд аз шиносоӣ Директори Агентӣ ба ҷаноби Сафир оид ба вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақа, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ва ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои Агентӣ бо мақомоти ваколатдори дигар кишварҳо маълумот манзур намуд.

Дар навбати худ ҷаноби Сафир баҳри боз ҳам мустаҳкам кардани ҳамкориҳои муштарак байни Агентӣ ва мақомоти салоҳиятдори Олмон ибрози назар намуданд.

Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо минатдории худро ба ҳамдигар изҳор намуда, омодагии худро дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти назорати маводи нашъаовар баён намуданд.