Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии кормандони Агентӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ

Бо мақсади тарғибу ташвиқ намудани тарзи ҳаёти солим, эҳсоси баланди худшиносию ватандӯстию ифтихори миллӣ ва дар ин замина пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон,аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар вохӯрӣ ва чорабиниҳои судманд ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Дар ин раванд, 21 декабри соли 2023 кормандони Агентӣ бо донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи Мирзораҳмат Олимов” вохӯрӣ доир намуда, ба донишҷӯён оид ба  зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ, маълумот пешниҳод намуданд.

Инчунин, зикр гардид, ки  бо мақсади ба таълими босифат фаро гирифтани наврасону ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва  наврасону ҷавононро мебояд дар баробари ин ҳама ғамхориҳо вақти пурқиммати худро ғанимат дониста, бештар ба андухтани илму дониш машғул шаванд. Зеро, ҷавонон ояндаи давлату миллат мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки мақсади баргузории чунин вохӯрию чорабиниҳо  аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” сарчашма гирифта, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ, ба хусус наврасону ҷавонон, коҳиши талабот, бедор намудани ҳисси бадбинӣ ба маводи нашъаовар ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим равона гардидааст.