Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Номгӯи масъалаҳои назорати

 

“Мувофиқа карда шуд”

Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти

мақомоти санҷишӣ

«21» декабри  соли 2023

Протоколи №13

“Тасдиқ мекунам”

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумурии Тоҷикистон,

генерал-майори адлия

____________ Ҳабибулло Воҳидзода

«19» январи  соли 2024

НОМГӮИ

масъалаҳои назоратие, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи онҳо санҷиши фаъолияти муассисаҳои табобатию профилактикӣ, дорухонаҳо ва дигар корхонаҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ мегузаронад:

Номгӯи масъалаҳои назоратӣ Шарҳ
1. Мавҷудияти иҷозатнома барои фаъолият намудан дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
2. Мавҷудияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Мутобиқ будани ҷойи нигоҳдошти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо бо меъёрҳои амалкунанда
4. Тартиби бақайдгирӣ, соҳиб шудан, нигоҳдорӣ, тақсимот, додан, фурӯш, истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
5. Мавҷуд будани китоби бақайдгирии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
6. Мавҷудияти санадҳои нобуд сохтани ампулаҳои (шишачаҳои) истифодашудаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда
7. Мавҷудияти китоби бақайдгирии дорухатҳои вобаста ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда
8. Мавҷудияти фармоиши роҳбари муассиса, ташкилот ва корхона новобаста аз шакли моликият оид ба таъин намудани шахси масъул барои бақайдгирӣ, нигоҳдошт, тақсимот ва истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
9. Мавҷудияти талаботи солонаи муассиса, ташкилот ва корхона новобаста аз шакли моликият ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
10. Пешниҳоди ҳисоботҳои ҳар семоҳагӣ оид ба муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

Боргипкуни