Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Маросими истиқболи расмӣ дар Қасри Амирӣ

22 январ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар муқаррароти истиқболи расмӣ дар Қасри Амирӣ самимона ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Волоҳазрат Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо эҳтироми хос истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ дар долони Қаср даъват намуд.

Ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар дар макони пазироии расмии меҳмони олимақом парчамҳои давлатӣ афрохта шуда, сурудҳои миллии ду давлат садо доданд ва фармондеҳи Қаровули фахрии Давлати Қатар ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии ҳайати низомӣ барои истиқболи расмӣ гузориш дод.

Зимни гузаштан аз назди горди фахрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парчами ин давлат эҳтиром ба ҷо оварданд.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар дохили Қасри Амирӣ ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ҳайатҳои расмии ҳукуматҳои ҳар ду кишвар муаррифӣ карда шуданд.