Ба диққати довталабон расонида мешавад, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2024 барои ишғоли вазифаҳои холии дар ин мақомот ҷойдошта, озмун эълон менамояд.
Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки талаботҳои зерин барои иштирок дар озмун муқаррар гардидааст:
– доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– ҳуҷҷатҳои номзадон дар асоси вазифаҳои пешниҳодгардида вобаста ба ихтисосашон (ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, химиявӣ, биологӣ, тиббӣ, техникӣ, бойторӣ) қабул карда мешаванд (доштани маълумоти олии соҳавӣ ҳатмист);
– донистани забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад;
– маҳорати хуби кордонӣ дар самти кор бо истифодаи барномаҳои компютерӣ ва таҷҳизоту технологияи нав;
– синну сол аз 20 сола то 35 сола (ба шахсоне, ки бори аввал ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кор медароянд);
– мувофиқати вазъи саломатӣ;
– доштани уҳдадории ҳарбӣ;
– довталабон аз озмун мегузаранд (санҷиши хаттӣ, санҷиши сатҳи савияи дониш, санҷиши тайёрии ҷисмонӣ);
– ба шахсоне, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар самтҳои дар озмун эълон шуда собиқаи кории қаблӣ доранд, инчунин дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ мебошанд, имтиёз дода мешавад.
Рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои иштирок намудан дар озмун:
– Ариза барои иштирок дар озмун;
– Саволнома (дар шакли нав);
– Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ;
– Тарҷумаи ҳол чопӣ ва дастӣ (бо маълумот дар бораи худ ва хешовандони наздик, аҳли оилаи ҳамсар бо тартиби хронологӣ, яъне бо дарҷи пурра);
– Се такриз аз ҳамкорон ва ё аз донишгоҳ;
– Хислатнома аз ҷои кори охирон;
– Хислатнома аз раиси маҳалла;
– Гувоҳнома аз ҷои истиқомат;
– Гувоҳнома оиди ҳайати оила;
– Гувоҳнома аз ҷои кор;
– Шиноснома (нусха);
– Диплом (нусха);
– Билети ҳарбӣ (асл ва нусха);
– Китобчаи меҳнатӣ (асл ва нусха);
– Шаҳодатномаи никоҳ (нусха);
– Шаҳодатномаҳои таваллуди фарзандон (нусха);
– Сурат 9 х 12 – 1 д., 3х4 – 2 д.;
– Маълумотномаи тиббии шакли №038;
– Гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН) (нусха);
– Эъломияи оид ба вазъи молу мулкӣ.
Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои шахсоне, ки дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият кардаанд:
– Нусхаи варақаи хизматӣ;
– Аттестатсия оиди давраи охирони хизмат;
– Саволнома ва тарҷумаи ҳоли дастӣ ва дар компютер чопкардашуда.
Эзоҳ: Барои гирифтани маълумоти муфассал ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рақами 233-02-95, 234-05-39 муроҷиат намоед.