Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Дар Агентӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид

Санаи 5-уми феврали соли 2024, дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2023 баргузор гардид.
Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Самад Зафар оғоз намуда, оид ба таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, ҳамзамон оид ба иҷрои як қатор корҳо дар соли 2023 маълумот манзур намуд.
Зимни баромади худ Директори Агентӣ қайд намуд, ки Агентӣ дар соли 2023 аз муомилоти ғайриқонунӣ 495 кг 097 гр (2022-520 кг 530 гр) маводи нашъаовар мусодира намудааст, ки он нисбат ба соли 2022 – 25 кг 433 гр ё 4,9 фоиз кам мебошад. Гарчанде дар соли 2023 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар аз ҷониби Агентӣ 4,9 фоиз коҳиш ёфта бошад, вале мусодираи моддаҳои психотропӣ, ки хатари бештар дорад 3,8 маротиба, инчунин афюн – 37,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар соли 2023 аз ҷониби Агентӣ 114 (2022 – 138) ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ва дигар намуди ҷиноятҳо ошкор карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 – 17,4 фоиз (24 ҷиноят) кам мебошад.
Аз ҷониби Агентӣ дар соли 2023 244 (2022-276) ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва дар ин робита 261 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, ки аз онҳо 183 ҳазору 585 сомонӣ ба буҷети давлат ҷарима ситонида шудааст.
Дар соли 2023 аз ҷониби Агентӣ фаъолияти 41 (2022 – 37) гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 77 (2022-89) нафар, ҳамчунин 1 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва қатъ карда шуд.
Дар ин давра, 10 шахси дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта муайян ва дастгир карда шудаанд.
Аз ҷониби муфаттишони Агентӣ 203 (2022 – 257) парвандаи ҷиноятӣ ба пешбурд қабул карда шуда 145 (2022 – 188) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Аз инҳо 77 парвандаи ҷиноятӣ (2022 – 99) нисбати 111 нафар (2022 – 147) ба судҳо ирсол гардида, дар ин робита ба молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 404 300 сомонӣ (2022 – 1 881 330) ҳабс гузошта шудааст.
Дар соли 2023 аз ҷониби Агентӣ бо мақомоти салоҳиятдори Россия ду амалиёти муштарак гузаронида шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ дар маҷмуъ 38 кг 476 гр маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.
Мутобиқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2023 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 21 319 (2022 – 22 481) ҷиноятҳои умумӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 699 (2022 – 688) ҷиноят вобаста ба маводи нашъадор мебошад, ки 3,3 фоизи ҷиноятҳои умумиро ташкил дода, дар муқоиса бо соли гузашта 11 ҷиноят ё 1,6 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 т 282 кг 814 гр маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2022 (4 т 991 кг 176 гр) 5,8 фоиз ё 291 кг 638 гр зиёд мебошад.
Дар ин давра аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусодираи маводи нашъовари героин 73, 4 фоиз ё ин ки 178 кг зиёд (2022-243кг 588 гр), гурӯҳи бангдона 16,8 фоиз ё ин ки 631 кг (2022- 3 тоннаву 752 кг 946 гр) ва маводи нашъоварии ҳашиш 19, 4 фоиз ё ин ки 696 кг (2022- 3 тоннаву 597 кг 288 гр) зиёд шудааст.
Ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ аз ҷониби Агентӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар вохӯрию мулоқотҳо, семинарҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.
Тавассути воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар шабакаҳои телевизионӣ, радио, мақолаву гузориш дар матбуоти даврӣ ташкил ва аз натиҷаи чорабиниҳо дар сомонаи Агентӣ маълумотҳо ҷойгир карда шуданд, ки минбаъд аз онҳо дигар сомонаҳои хабарӣ низ истифода бурдаанд.
Тибқи маълумотҳои расмӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2024 – 4160 нафар нашъаманд дар қайд мебошанд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 (4381 нафар) 221 нафар ё 5 фоиз коҳиш ёфтааст.
Аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 107 (2022-101) нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки ин шумора нисбат ба соли 2022 6 нафар зиёд шудааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор аҳолӣ 41,6 бемори нашъаманд рост меояд.

ШРҶ-и Ситод