Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии Директори Агентӣ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

13 феврали соли 2024 вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал–майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад  бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парвати баргузор гардид.

Баъд аз шиносоӣ Директори Агентӣ оид ба вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақа, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба меҳмонон маълумот пешниҳод намуд. Ҳамчунин, пешниҳодҳо оид ба пурзур намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро манзур намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба тамоюли дар солҳои охир зиёд гаштани воситаҳои нашъадори синтетикӣ изҳори нигаронӣ намуданд.

Хонум Кавилмадам Рамасвами барои ҳамкории эътимоднок арзи сипос намуда, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ намуд.

Дар интиҳо ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ омодагии худро баён намуданд.