23 феврали соли 2024 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи муқаддасу таърихӣ 31-солагии Артиши миллии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарият, собиқадорон ва ҳайати шахсӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Пас аз бо ифтихори баланд хондани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ, чорабиниро Директори Агентӣ генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад оғоз намуда, афсарони Агентӣ ва дар симои онҳо тамоми муҳофизони Ватанро табрику таҳният намуд.
Иброз гашт, ки Қувваҳои муссалаҳ зодаи даврони истиқлол буда, баъди якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт. Маҳз бо ташаббус ва заҳмату кушишҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Артиши миллӣ таъсис дода шуда, то ба имрӯз баҳри мустаҳакам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои судманд андешида мешаванд.
Дар ҷаласа ҳамчунин кормандон ва собиқадорони Агентӣ баромад карда иброз намуданд, ки ҳар афсаре, ки савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, субботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат ба зимаи онҳост ва вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо сулҳу суббот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.