Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Модар чароғи рӯзгор ва оинаи зиндагӣ

Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии Модар аст.

Санаи 7-уми марти соли 2024 ба муносибати Рӯзи Модар ва гиромидошти олиҳаи зиндагии аҳли башар, модарон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки корманд-занону бонувони Агентӣ ҷаласаи идона баргузор гардид.

Директори Агентӣ, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар  Зафар Самад бонувони Агентиро ба муносибати Рӯзи Модар  табрик намуда, иброз доштанд, ки зан-Модари тоҷик имрӯзҳо бо хиради волову заковатмандӣ баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ҳамчун сиёсатмадору иқтисодчӣ, рӯзноманигору омӯзгор, муҳандису табиб, ҳунарманду варзишгар, инчунин дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Қайд гардид, ки хизматҳои арзандаи бонувон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври ҳамешагӣ дар баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, дар сиёсати имрӯзаи мамлакат арҷ гузоштан ба мавқеъи зан –Модар мунтазам тарғиб мешавад. Ва муҳимтарин вазифаҳои давлативу ҷамъиятиро ба зан лоиқ медонад, ки ҳадафи он низ ҳимояи мақоми ин табақаи фаъоли иҷтимоии мамлакат мебошад. Аз ҷумла, дар Агентӣ фаъолият кардани занону бонувони матинирода нишонаи ҷасорату фидокории зани тоҷик мебошад.

Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби роҳбарият ба бонувони Агентӣ гулдаста ва тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуда, дар хонадонашон осоишу оромӣ, хушбахтиву файзу баракат ва дар адои вазифаҳои пурмасъулу пуршарафашон муваффақият ва комёбиҳоро таманно  намуданд.