Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Баргузории нишасти сатҳи баланд дар доираи Иҷлосияи 67-юми Комиссияи СММ

Санаи 14 марти соли 2024 дар қароргоҳи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена Иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор таҳти раисии намояндаи доимии кишвари Гана дар назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Филберт Абака Ҷонсон кори худро оғоз намуд.

Чорабинии мазкур бо суханони ифтитоҳии Президенти маҷмааи Умумии СММ Деннис Френсис ва муовини Котиби генералии СММ-Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ хонум Ғода Валӣ оғоз гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад иштирок доранд.

Иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор кори худро аз 14 то 22 марти соли ҷорӣ идома дода, дар ҳошияи он чорабиниҳои канорӣ ва вохӯриҳои дуҷониба баргузор мегарданд.