Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии дуҷониба дар доираи Иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ

14 марти соли 2024 дар идомаи чорабиниҳо дар доираи Иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад  бо роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Халқии Хитой  муовини комиссари Комиссияи миллии назорати маводи нашъаовари Хитой Тсан Вай-хун вохӯрӣ анҷом дод.

Директори Агентӣ ба Вазорати амниятии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой, барои ҳамкориҳои судманд ҷиҳати дастгири намудани фаъолияти Агентӣ  изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ва пешгирии нашъамандиро мавриди баррасӣ қарор доданд.