Дар идомаи чорабиниҳо дар доираи Иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар санаи 14 март ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии Директори Агентӣ Зафар Самад дар чорабинии канории Ҷумҳурии Қазоқистон зери унвони “Имкониятҳои Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ (ММҲИОМ) оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар муқовимат ба таҳдидҳои муосири паҳншавии маводи нашъаовари синтетикӣ” иштирок ва баромад намуданд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарон ва намояндагони мақомоти ваколатдори давлатҳои иштирокчии ММҲИОМ, давлатҳои нозир, Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ва дигарон созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Ба иштирокчиён рӯнамо оид ба фаъолияти ММҲИОМ, ки дар шаҳри Алмато таҳти сарпарастии СММ ҳамчун мақоми байнидавлатию минтақавӣ оид ба мусоидат кардан дар ташкил ва ҳамоҳангсозии амалиётҳои байналмилалӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар амал мекунад, пешниҳод карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ роҳбарони як қатор ҳайатҳо фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, мубодилаи афкор анҷом доданд.