Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии навбатӣ дар доираи Иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ

Санаи 15 марти соли 2024 Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад бо роҳбари ҳайти Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи маводи нашъаовар ва тадбирҳои андешидаи мақомоти ваколатдори кишварҳои худ табодули афкор намуданд.

Ҷониби Эрон омодагии худро ҷиҳати ба имзо расонидани санади дуҷониба оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Агентӣ ва Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон ва дар ин замина ташкил ва баргузор намудани курсҳои омӯзишӣ изҳор намуд.

Хотиррасон менамоем, ки вохӯри мазкур дар ҳошияи Иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Вена баргузор гардид.