15 марти соли ҷорӣ дар идомаи нишасти сатҳи баланд, ки дар ҳошияи Иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор баргузор гардид, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад бо маъруза оиди сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдори кишвар дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ баромад намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар кори он роҳбарони мақомоти зиддимухаддироти кишварҳои дунё ширкат варзида, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои байналмилалии зиддимухаддиротиро мавриди муҳокима қарор дода мешавад.