
Санаи 18 марти соли ҷорӣ дар ҳошияи Иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Директори Агентӣ Зафар Самад дар ҷорабиниҳои канории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ ва КАДАП иштирок намуданд.
Зимни баргузории ҷорабиниҳо иштирокчиён оид ба ҳамкориҳои судманд дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ суханронӣ намуда, барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар ин самт изҳори назар намуданд.
Дигар чорабиниҳои канорӣ ва вохӯриҳои дуҷониба дар ҳошияи ин иҷлосия идома доранд.