18 марти соли 2024 дар ҳошияи Иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор дар шаҳри Вена, вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад бо сардори Сарраёсати назорати муомилоти маводи нашъаовари Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Горбунов Иван Валентинович баргузор гардид.
Директори Агентӣ ҷиҳати дастгириҳои пайваста ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар татбиқи Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат ба Агентӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ба Горбунов Иван Валентинович изҳори сипос намуд.
Дар навбати худ сардори Сарраёсати назорати муомилоти маводи нашъаовари ВКД-и Россия ҳамкориро бо Агентӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари буферӣ дар роҳи мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ масъалаҳои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.