Дар ҳошияи Иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор санаи 20 марти соли 2024 Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ хонум Ғода Фатҳа Валӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Директори Агентӣ оид ба дастовардҳои кишвар ва корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба хонум Фатҳа Валӣ маълумот манзур намуда, ҷиҳати дастгириҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ба Агентӣ изҳори сипос намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Агентӣ бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, инчунин оиди якчанд масъалаҳои мубрам табодули афкор намуданд.