19 марти соли 2024 дар қароргоҳи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар доираи Иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии канорӣ доир карда шуд, ки дар он маҷаллаи Шарҳи вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023, аз ҷониби Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад муаррифӣ карда шуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарон ва ҳайатҳои воломақоми кишварҳои аъзои СММ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Диққати иштирокдорон ба мавзӯъҳои тамоюлҳои асосии вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҳамкориҳои байналмилалӣ, амалисозии барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.
Дар кори чорабинӣ намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашитта Миттал иштирок ва баромад намуда, масъалаи таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳои зиддимухаддиротии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро дар Тоҷикистон ва татбиқи онро хуб арзёбӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки маҷаллаи Шарҳи вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз ҷониби Агентӣ таҳия ва нашр мегардад, ки дар он сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ, коҳиши талабот ба он, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастоварду мушкилотҳои ҷойдошта дар ин соҳа инъикос карда мешавад.