Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ҳайати Тоҷикистон дар дигар чорабиниҳои канорӣ дар ҳошияи Иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ ширкат варзиданд

20 март  дар ҳошияи Иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ чорабинии канории Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҳти унвони  “Саммити оянда-робитаи байни маводи мухаддир, ҷинояткорӣ ва терроризм ҳамчун чолиш барои рушд” баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон Директори Агентӣ Зафар Самад оид ба ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, нақшаҳо ва дурнамои ҳамкориҳо баромад намуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои СҲШ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар намояндагон иштирок ва суханронӣ намуда, масъалаи рушди дурнамои ҳамкориро дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷорабинии канории Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар ҳошияи Иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор баргузор гардид иштирок намуданд.