Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ИШТИРОКИ КИНОЛОГҲОИ АГЕНТӢ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНИИДОРАВӢ

Аз 25 то 29-уми марти соли 2024 дар заминаи мактаби тайёрии кинологии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи касбият байни мутахассисони кинологӣ дар байни сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кинологӣ оид ба муайян намудани “Дастурдиҳандаи беҳтарини саги хизматӣ” ҷиҳати дарёфти ҷоми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар мусобиқаи мазкур аз рӯи иҷрои маҷмӯи машқҳои “Курси умумии ромкунӣ”, “Гузаштани хати монеаҳо”, “Кофтуков ва дарёфти маводҳои мухаддир”, “Кофтуков ва дарёфти маводҳои тарканда”баргузор гардид, ки дар онҳокинологҳои Агентии назорати маводи нашъаовар бо сагҳои хизматии Агентӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштанд.