Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мулоқот бо узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохун

5 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохунро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди самараноки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки дар пайи талошҳои пайгиронаи ҷонибҳо робитаҳои ду кишвар ба сатҳи баланд расида, дар чаҳорчӯби шарикии стратегии ҳамаҷониба ба таври рӯзафзун густариш меёбанд.

Масъалаҳои мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  ва кибер-ҷиноятҳо  аз мавзуъҳои мубрами мулоқот буданд.

Зарур шумурда шуд, ки сохторҳои дахлдори ду кишвар, бо дарназардошти вазъи ноороми байналмилалӣ ва зарурати таъмини сулҳу субот, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории амалии худро тақвият бахшанд.

Дар идомаи суҳбат вазъи ҷории Афғонистон ва таъсири он ба минтақа мавриди мубодилаи афкори ҷонибҳо қарор гирифт.