Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мулоқот бо Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

5 апрел дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот карданд.

Зимни вохӯрии самимӣ натиҷаҳои мулоқоту музокирот дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои ташрифи расмӣ ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар доираи ин сафар барои таъмиқи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои ҳамкории барои ду кишвар судовар табодули андеша карданд.