Бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025, кормандони масъули Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, санаи 8–уми апрели соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрии мазкур намояндагон бо хонандагони синфҳои болоии ин муассиса оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 декабри соли 2023, мазмуну муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, дар бораи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, Стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, нақшаи кори Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, инчунин оид ба зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ суҳбат намуданд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ, ин пешгирӣ намудани наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуб ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарварии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ мебошад.