Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Э Ъ Л О Н И
озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ дар дастгоҳи марказии Агентӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъбаҳои Лахш ва Турсунзода озмун эълон менамояд.
Талабот нисбати номзадон:
доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
синну соли то 35 сола;
қади номзад на кам аз 170 см бошад;
хизмати ҳарбии муҳлатнокро адо карда бошад;
таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои хизматиро таъмин карда метавонад;
дониши баланди назариявӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ, донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
донистани забони давлатӣ дар сатҳи баланд;
мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
ба шахсоне, ки забони русӣ ва як забони хориҷии дигарро дар сатҳи баланд медонанд, инчунин ба шахсоне, ки на кам аз 5 сол собиқаи хизмат дар самти оперативӣ ва тафтишотӣ доранд, афзалият дода мешавад;
маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир;
ҳолати хуби вазъи саломатӣ ва омодагии хуби ҷисмонӣ;
Барои гирифтани маълумоти пурра метавонед ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Н.Қарабоев 52, телефонҳо барои тамос: +992 372 33-02-95, 34-64-20, суроғаи сомонаи расмии интернетӣ:

Муҳлати қабули муроҷиати довталабон то 01 майи соли 2024 давом меёбад.
Эзоҳ: Довталабоне, ки забони давлатиро дар сатҳи баланд намедонанд ва бастаи ҳуҷҷатҳоро пурра пешниҳод намекунанд, ба озмун роҳ дода намешаванд.
Рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои иштирок намудан дар озмун:
Ариза барои иштирок дар озмун;
Саволнома (дар шакли нав);
Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ;
Тарҷумаи ҳол чопӣ ва дастӣ (бо маълумот дар бораи худ ва хешовандони наздик, аҳли оилаи ҳамсар бо тартиби хронологӣ, яъне бо дарҷи пурра);
Се тақриз аз ҳамкорон ва ё аз донишгоҳ;
Хислатнома аз ҷойи кори охирон;
Хислатнома аз раиси маҳалла;
Гувоҳнома аз ҷойи истиқомат;
Гувоҳнома оиди ҳайати оила;
Гувоҳнома аз ҷойи кор;
Шиноснома (нусха);
Диплом (нусха);
Билети ҳарбӣ (асл ва нусха);
Китобчаи меҳнатӣ (асл ва нусха);
Шаҳодатномаи никоҳ (нусха);
Шаҳодатномаҳои таваллуди фарзандон (нусха);
Сурат 9х12-1 д., 3х4 – 2 д.;
Маълумотномаи тиббии шакли №038;
Гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН) (нусха);
Эъломия оид ба вазъи молу мулкӣ.
Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои шахсоне, ки дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият кардаанд:
Нусхаи варақаи хизматӣ
Аттестатсия оиди давраи охирони хизмат;
Саволнома ва тарҷумаи ҳоли дастӣ ва дар компютер чоп кардашуда.