Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон

ЭЪЛОНИ
озмун ҷиҳати таҳсили зинаи бакалавр бо ихтисоси “ҳуқуқшинос” дар Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Вазорати корҳои
дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Красноярск

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2024-2025 ҷиҳати таҳсили зинаи бакалавр бо ихтисоси “ҳуқуқшинос” дар Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Красноярск, озмун эълон менамояд.
Талабот нисбати номзадон:
– таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дониши хубу аъло, донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– дар сатҳи баланд донистани забони русӣ;
– ҳолати хуби вазъи саломатӣ ва омодагии хуби ҷисмонӣ;
– маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.
Барои гирифтани маълумоти пурра метавонед ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муроҷиат намоед.
Суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Н.Қарабоев 52, телефонҳо барои тамос: +992372 33-02-95, 34-05-39, суроғаи сомонаи расмии интернетӣ: www.akn.tj.
Муҳлати қабули муроҷиати довталабон то 20 майи соли 2024 давом меёбад.