Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Баргузории чорабиниҳои пешгирикунанда аз омилҳои номатлуб дар в.Суғд

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025, дар давоми моҳи апрел кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо кормандони дигар мақомоти дахлдори вилоят, чорабиниҳои пешгирикунандаро дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ташкил ва баргузор намуданд.
Рӯзҳои 4-5 апрел ва 15-уми апрели соли 2024 тибқи Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои маориф, тандурустӣ ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи байналмилилии саломатӣ дар Ташхисгоҳи марказӣ, Коллеҷи тиббӣ ва ҷамоати деҳоти Қистақузи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинӣ дар мавзуи “Тарзи ҳаёти солим интихоби мост” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур саҳначаҳо оид ба касалии диабети қанд ва дигар бемориҳои сироятӣ намоиш дода шуд, баъд аз анҷоми саҳначаҳо мутахассисони соҳа ҷиҳати пешгирӣ аз мубтало шудан ба нашъамандӣ, бемории ВНМО ва касалиҳои сироятӣ суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ байни иштирокчиён викторина баргузор карда шуда, фаъолон аз ҷониби масъулин бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.