Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Дар вазорату идораҳо кормандони Агентӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Рӯзҳои 16-17 апрели соли 2024 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯриҳо мақсад ва ҳадафҳои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025 ва “Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо” ба иштирокчиён шарҳу тавзеҳ дода шуд. Қайд гардид, ки Стратегияи болозикр бо мақсади таъмини амнияти давлату ҷамъият ва солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи милливу байналмилалӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.
Зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён рӯнамо оид ба номгӯйи “Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо”, роҳу усулҳои воридоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, истифода ва оқибатҳои хатарноки истеъмоли ин маводҳо, тарзу усулҳои аз муомилоти қонунӣ ба ғайриқонунӣ гузаштани он, инчунин оид ба оқибатҳои тиббӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумоти муфассал дода шуд.
Дар анҷом иброз гардид, ки баҳри ошкор ва пешгири намудани муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, баҳри солимии ҷомеа дар якҷоягӣ саҳми арзандаи худро гузорем.