Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ бо волидон ва хонандагони МТМУ №61-и ноҳияи И. Сомонӣ

Санаи 22-юми апрели соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар кормандони мақомоти дахлдори кишвар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо хонандагон ва волидон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохурӣ намояндагон бо иштирокчиён оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 декабри соли 2023, мазмуну муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023. Дар бораи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, инчунин оид ба  зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ суҳбат намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025, кормандони Агентӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа пайваста чунин чорабиниҳо ва сӯҳбату вохӯриҳои судмандро доир намуда, дар онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд.