Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ бо афсарони Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа

Санаи 19–уми апрели соли 2024 дар Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарон вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок ва баромад намуданд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Раёсати назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ майори х.н.м.н. Баротиён Дилшод иштирок ва баромад намуд.
Дар вохӯри намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотӣ давлатӣ дар мавзуҳои “Соли маърифти ҳуқуқи” эълон намудани соли 2024, “Нақш ва аҳмияти мақомоти таҳқиқ дар Қувваҳои Мусаллаҳ”, “Тавсифи умумии ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар ҶТ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муаррифии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Таҳлилу баррасии суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар”, “Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа” ва “ДОИШ –таҳдиду хатари қарни XXI” баромад карда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас гардониданд.