Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Баргузории чорабиниҳои пешгирикунанда дар в.Суғд

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия, инчунин бо мақсади пешгирӣ намудани ҷавонону наврасон аз хуруфотпарастиву ифротгароӣ, таҳсилоти ғайриқонунии динӣ, ба таҳсил ҷалб намудани онҳо, риоя ва иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои маориф, тандурустӣ, кор бо занон ва оилаи МИҲД–и вилояти Суғд ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд дар якчанд муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров бо омузгорон, хонандагони синфҳои болои бо иштироки падару модарон вохӯриҳои судманд баргузор намуданд.
Чунин вохӯриҳо санаҳои 16-20 ва 25 апрели соли 2024 дар Гимназияи давлатии №13 ба номи М.Горкий, дар Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти умумии Россия–Тоҷикистон “Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд ба номи А.П.Чехов” ва дар МТМУ рақами 80-и ноҳияи Б.Ғафуров дар самти пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла нашъамандию нашъаҷаллобӣ, ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, савдои одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ баргузор гардиданд.
Ҳамзамон санаи 25 апрели соли ҷорӣ, дар маҳаллаи Регистон, воқеъ дар Бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда баргузор гардид.