Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии корманди Агентӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ

Санаи 26 апрели соли ҷорӣ, бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони дастгоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ мақсад ва ҳадафҳои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025 ва “Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо” ба иштирокчиён шарҳу тавзеҳ дода шуд. Қайд гардид, ки Стратегияи мазкур бо мақсади таъмини амнияти давлату ҷамъият ва солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи милливу байналмилалӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Инчунин, оид ба назорати маводҳои дурӯворӣ ва баъзе растаниҳо низ маълумоти муфассал дода шуд, ки на ҳамаи шаҳрвандон дар хусуси манъ будани содироти онҳо ба кишварҳои хориҷ маълумоти муфассал доранд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки ворид кардани растании “Испанд” ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус манъ гардидааст. Аз ин рӯ, пешниҳод карда шуд, ки аз ҷониби кормандони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳо, қабл аз анҷоми сафар ба мусофирон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шаванд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён рӯнамо оид ба номгӯйи “Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо”, роҳу усулҳои воридоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, истифода ва оқибатҳои хатарноки истеъмоли ин маводҳо, тарзу усулҳои аз муомилоти қонунӣ ба ғайриқонунӣ гузаштани он, инчунин оид ба оқибатҳои тиббӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумоти муфассал дода шуд.