Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ташрифи Сафири Фавқуллода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентӣ

Санаи 2-юми майи соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Пас аз шиносоӣ Директори Агентӣ генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад оид ба фаъолияти Агентӣ ва сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи мухаддир ба ҷаноби Сафир маълумоти мухтасар манзур намуд.

Дар рафти вохӯрӣ, ҷонибҳо масъалаи баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати  Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои кимёвиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар интиҳо ҷонибҳо ҷиҳати  муқовимати ҳамаҷониба бо муомилоти ғайриқонунии  маводи нашъаовар  ва ҳамкориҳои муштарак пешниҳодҳои муфид манзур намуданд.