Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии навбатии кормандони Агентӣ

Рӯзҳои 2 ва 3-юми майи соли 2024 кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Коллеҷи технологӣ бо донишҷӯён ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №116-и ш.Душанбе бо волидон ва хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохурӣ намояндагон бо иштирокчиён оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, мазмуну муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 “Дар бораи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, инчунин оид ба  зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ суҳбат намуданд.


Дар охири вохӯрӣ иштирокчиён ба саволҳои вобаста ба мавзуҳои дар боло зикргардида аз ҷониби намояндагон посух гирифтанд.
Ҳамзамон, санаи 3-юми майи соли ҷорӣ, чунин вохӯрӣ бо истиқоматкунандагони маҳаллаи “Ҷуйбодом ” баргузор гардид.