Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Директори Агентӣ ва Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вохӯрӣ намуданд

Санаи 6-уми майи соли 2024 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии  Директори Агентӣ ва  Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғоз Директори Агентӣ, генерал–майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад ба ҷаноби Сафир Мануэл Микаллер оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва мутақобилан судманди Агентӣ бо Сафорати ИМА,  инчунин оид ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ маълумот манзур намуданд.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо вазъи назорати маводи нашъаоварро дар Тоҷикистон ва минтақа муҳокима намуда, вобаста ба таҳдиду хатарҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари синтетикӣ изҳори нигаронӣ намуданд.

Дар хотима ҷонибҳо барои боз ҳам рушду тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ изҳори омодагӣ намуданд.