Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Оила макони меҳр”

7–уми майи соли 2024 дар доираи эълон гардидани соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба хушунати хонаводагӣ, ҳифзи солимии модару кӯдак ва ҳуқуқи кӯдак ба рушди арзанда, корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходимони дин, бо кормандони Агентии Тоҷикстандарт, фаъолон ва раисони маҳаллаҳои  “Маърифат”, “Равшангарон” ва “Дарвозиён”-и  ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯъи “Оила макони меҳр” баргузор намуданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагон оиди муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти  миллӣ,  инчунин оид ба зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки чунин чорабиниҳо баҳри татбиқи ҳадафҳои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба зарари маводи нашъаовар дар ҷомеа, пешгирию коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, роҳандозӣ намудани тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ мусоидат менамояд.