Санаи 2-юми майи соли 2024 дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд бо иштироки намояндагон аз соҳаи тандурустӣ, маориф, Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд ва ноҳияи Б.Ғафуров, Маркази ВНМО дар вилояти Суғд ва рузноманигорони газетаи “Саломатӣ” ва “Ҳақиқати Суғд” бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миззи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур баҳри дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2021-2025, инчунин бо мақсади пешгирӣ намудани ҷавонону наврасон аз хуруфотпарастиву ифротгароӣ, таҳсилоти ғайриқонунии динӣ, тақлиди фарҳанги бегона ва ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллату давлат гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ масъалагузорӣ карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён, гуруҳи алоҳидаи корӣ ташкил намуда, тасмим гирифтанд, ки дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ оид ба нашъамандию наъаҷаллобӣ, аз ҷумла дар байни наврасону ҷавонон ҷиҳати пешгирии хуруфотпарастиву ифротгароӣ, тақлиди фарҳанги бегона корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор менамоянд.
Инчунин, дар чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод гардид, ки бахшида ба 25-солагии Агентӣ дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ якчанд чорабиниҳои фарҳангию-фароғатӣ ва варзишӣ дар сатҳи шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамъбасти онҳо дар сатҳи вилоятӣ ташкил ва баргузор гардад.