Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ҲАМОИШИ НОҲИЯВИИ СТИПЕНДИЯНТОНИ ҶАВОН ТАҲТИ УНВОНИ “ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ”

Санаи 14-уми майи соли 2024 тибқи Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ, Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳия, аъзоён ва волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” – и ноҳия бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳамоиши болозикр намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Ҳакимзода Марҷона, намояндаи Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асламова Парвина ва мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Воҳидов Сомирӣ иштирок намуда, дар бораи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти  миллӣ,  инчунин оид ба  зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ суханронӣ намуданд.