Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

“Корвони зиддимухаддиротӣ-2024”, кори худро дар шаҳри Турсунзода идома дод

Чорабинии “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2024”, ки бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар шаш шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳри роҳандозӣ намудани тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба интихоби тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ шуда истодааст, санаи 13 июни соли 2024 ба шаҳри Турсунзода расида, кори худро идома дод.

Дар чорабинии навбатӣ, ки дар толори Ҳукумати шаҳри Турсунзода баргузор гардид, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, мақомоти дахлдор, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷавонон ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро муовини аввали Раиси шаҳри Турсунзода ифтитоҳ намуда, ба ташкилкунандагони чорабинии Корвони зиддимухаддиротӣ – 2024” изҳори сипос намуд. Қайд кард, ки баргузории чунин чорабинӣ дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва пешгирии нашъамандӣ саҳми беандоза дорад.

Зимни баромад намояндаи Агентӣ қайд намуд, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ, дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, пайваста чунин чорабиниҳоро доир менамоянд. Ин навбат низ, доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, бо мақсади бозҳам баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ,  хусусан дар байни наврасону ҷавонон оид ба зарар ва оқибатҳои фоҷеабори истеъмоли маводи нашъаовар, ташфиқу тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим, тавассути ҳарчи зиёдтар шуғл варзидан ба варзиш, дар маҷмӯъ баҳри ҳифзи солимии ҷомеа чорабинии мазкурро роҳандозӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки чорабини бо дастгирии шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, баргузор гашта истодааст.

Пас аз суханрониҳо ғолибони мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд, ки дар доираи чорабинӣ байни ҷавонони шаҳри Турсунзода баргузор гардида буд, дар фазои тантанавӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Барномаи консертии омода намудаи бахши фарҳангӣ шаҳри Турсунзода чорабиниро хотирмон намуд.