Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

“Корвони зиддимухаддиротӣ – 2024” ба шаҳри Хуҷанд расид

“Корвони зиддимухаддиротӣ – 2024”, ки бо фарогирии чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ баргузор гашта истодааст, санаи 15 июни соли 2024 ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд расида, чорабинии мақсадноки худро дар  Кохи фарҳанги “Суғдиён” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор кормандони соҳаҳои мухталиф ва наврасону ҷавонони шаҳр баргузор намуд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки мақсади баргузории чорабиниҳои “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2024” аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2030”, сарчашма гирифта, ба роҳандозӣ намудани тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ равона гардидааст.
Зикр гардид, ки муқовимат ба нашъамандӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ҷалби таваҷҷӯҳи волидайн, калонсолон ва аҳли ҷомеа ба таълиму тарбияи ҷавонону насли наврас, соҳибкасбу соҳибҳунар гаштани онҳо, ташфиқу тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим, тавассути ҳарчи зиёдтар шуғл варзидан ба варзиш тариқи баргузор намудани чунин чорабиниҳои пешгирикунандаи зиддинашъамандӣ аз манфиат холи нест.

Дар доираи чорабинии мазкур ҳамчунин даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд, ҷамъбаст гардида, ғолибон, мураббиёни мусобиқаи варзишӣ бо ҷоизаҳо, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ташкилкунандагон қадрдонӣ карда шуданд.
Сурудҳо дар васфи Модар – Ватан сароидаи ҳунармандони бахши фарҳангии шаҳри Хуҷанд, чорабиниро хотирмон намуд.
Бояд қайд намуд, чорабинии “Корвони зиддимухаддиротӣ–2024” таҳти шиори “Ҷавонон бар зидди маводи нашъадор!”, бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, баргузор гашта истодааст ва ҷамъбасти “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2024” санаи 26-уми июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир мегардад.