Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Агентӣ

Санаи 21 июни соли 2024 тибқи нақшаи муштарак  дар маҷлисгоҳи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулмаҳмадзода Зулфиқор  бо ҳайати шахсии  Агентӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот  Гулаҳмадзода Зулфиқор кормандони Агентиро бо форорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, сипас оиди таҳкиму тарбияи ватандустӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат, худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузори ба муқаддасоти давлат ва хизмати содиқона ба Ватан-Модар дар заминаи қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуд.

Дар хотимаи чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои ҳамкориҳои судманд якчанд нафар окрмандони Агентиро бо Сипосномаи Кумита қадрдони намуд.