Санаи 25 июни соли 2024 бахшида ба муносибати ҷашни бошукӯҳ-Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд.
Баъд аз садо додани суруди миллӣ Директори Агентӣ, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад чорабинии тантанавиро оғоз намуда, иброз дошт, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо ибтикор ва ташаббусҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа санаи таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.
Ваҳдати миллӣ пояи устувори давлат, бақои миллат, рамзу асолати миллӣ, ормонҳои таърихӣ, муттаҳид шудани тоҷикон ва тоҷикистониҳо ба ҳисоб меравад.
Зикр карда шуд, ки ин неъмати бебаҳо падидаи беназири даврони Истиқлолият, истиқрори суботу оромӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрии Ватани маҳбубамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва наслҳои ояндаро тарбият намоем, ки онро ҳамчун азизтарин неъмат, тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти асолати таърихии миллат, ки шарафу номуси ватандорӣ ва пойдориву бақои давлат маҳсуб меёбад, муқаддас ва гиромӣ донанд.
Дар рафти чорабинӣ кормандони Агентӣ суханронӣ карда, баён намуданд, ки ба қадри неъмати бузурги истиқлолияту озодӣ мерасанд, ваҳдати миллиро ҳамчун самараи даврони соҳибистиқлолӣ гиромӣ дошта, барои ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва дигар дастовардҳои таърихӣ ҳамеша омода мебошанд.