Ҳамасола санаи 26-уми июн, ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он”, дар саросари олам қайд карда мешавад.
Дар ин робита, бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 2-юм то 25-уми июни соли 2024 дар шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ–2024” зери шиори “Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар”, доир гашт.
Корвони зиддимухаддиротӣ–2024 аз маҷмӯи чорабиниҳо аз қабили футболи хурд, волейбол, баргузории дигар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ дар шаҳрҳои боло зикр роҳандозӣ гардида, ғолибони ҷорабиниҳои варзишӣ бо туҳфаҳои арзишманд ва хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мушкилоти нашъаҷалобию нашъамандӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба оқибати фоҷеабори сӯиистеъмоли он мебошад.
Имрӯз 26 июн ҷамъбасти чорабинии мазкур дар назди Муассисаи давлатии “Майдони 800-солагии Москва”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва ҷамъиятӣ, варзишгарон, ҳамчунин меҳмонон ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Баъд аз садо додани суруди миллӣ аз ҷониби иштироккунандагон ва Оркестри ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар чорабиниро оғоз карда, оид ба зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва ташфиқу тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим, тавассути ҳарчи зиёдтар шуғл варзидан ба варзиш, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ба таҳсил ҷалб намудани фарзандон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суханронӣ намуданд.
Сипас сардори Раёсати назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротиён Дилшод баромад карда, қайд намуд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Агентӣ ва дигар мақомоти дахлдор фаъолияти оштинопазири худро бар зидди қочоқ, интиқол ва паҳншавии маводи нашъаовар, бахусус сӯиистеъмоли онҳо ба роҳ монда, пайваста дар ин самт тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Дар рафти чорабинӣ намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва дигар шахсони даъватшуда баромад намуда, оид ба оқибатҳои зиёновари маводи нашаъовар ва роҳҳои пешгирии он изҳори андеша намуда, ҳамкории судманди дастаҷамъонаи ниҳодҳои масъули давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро гарави асосии коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ арзёбӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки бахшида ба “Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он”, ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар байни варзишгарони муассисаҳои варзишии шаҳри Душанбе мусобиқа дар риштаи Таэквандо ВТ доир гашт.
Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур озмуни “Расми беҳтарин” байни донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи Мирзораҳмат Олимов” баргузор карда шуда, дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ беҳтарин рассомон ва ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ дар фазои тантанавӣ бо ҷоизаҳо, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ташкилкунандагон қадрдонӣ карда шуданд.
Дар хотимаи чорабинӣ намоишномаҳои театрӣ ва барномаҳои консертӣ намоиш дода шуданд, ки ба иштирокчиён руҳу илҳоми тоза бахшид.