Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ бо истиқоматкунандагони маҳаллаи “Борбад”

Санаи 18-уми июли соли 2024 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи раиси ноҳияи Сино дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо истиқоматкунандагони маҳаллаи “Борбад”вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ, намояндагони ниҳодҳои болозикр ба ҳозирин дар мавзуҳои “Соли маърифти ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, муаррифии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар”, инчунин оид ба пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, омилҳои коррупсионӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, оид ба бар кардани либосҳои миллӣ миёни ҷавондухтарон, пешгирии зуроварӣ дар оила, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ баромад намуданд.