Санаи 29 июли соли 2024, дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовар дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид.
Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ, генерал – майори хизмати назорати маводи нашъаовар Самад Зафар Тағой оғоз намуда, оид ба таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, ҳамзамон оид ба иҷрои як қатор корҳо дар нимсолаи якуми соли 2024 маълумот манзур намуд.
Зимни баромади худ Директори Агентӣ қайд намуд, ки аз ҷониби Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 аз муомилоти ғайриқонунӣ 217 кг 820 гр (2023-366 кг 785 гр) маводи нашъаовар мусодира гардид, ки дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 – 148 кг ё 41 фоиз кам мебошад.
Дар ин давра аз ҷониби Агентӣ 55 ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ошкор карда шуда, фаъолияти 15 гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 37 нафар ошкор ва қатъ намудааст.
Муфаттишони Агентӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 107 (2023 – 122) парвандаи ҷиноятиро ба пешбурд қабул намуда, 74 (2023 – 81) парвандаи ҷиноятиро оғоз кардаанд.
Аз инҳо 36 (2023 – 42) парвандаи ҷиноятиро нисбати 60 нафар (2023 – 66) ба судҳо ирсол гардида, дар ин робита, ба молу мулки айбдоршавандагон 19 712 265 сомонӣ ҳабс гузошта шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта (2023 – 309 300 сомонӣ) ба маблағи 19 402 965 сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҷониби Агентӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар 3 амалиёти муштарак гузаронида шудааст. Ҳамчунин, 7 шахси дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта дастгир карда шудаанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2024, аз ҷониби кормандони Агентӣ 93 (2023-143) ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва дар ин робита 101 нафар (2023-151) ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Ғайр аз ин, Агентӣ 8 (соли 2023-15) ҷиноятҳои дигарро бо моддаҳои 244, 284 ва 307 прим 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор ва мавриди тафтиш қарор додааст.
Тибқи таҳлилҳо дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 т 96 кг 616 гр (2023 – 2 т 476 кг) маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 619 кг ё 25 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳамин ҳисоб ба Агентии назорати маводи нашъаовар 217 кг 820 гр (2023 – 366 кг 785 гр), Вазорати корҳои дохилӣ – 2 т 89 кг (2023 – 1 т 322 кг 25 гр), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (дар якҷоягӣ бо ҚС) – 789 кг (2023–782 кг 686 гр) ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 508 гр (2023 – 5 кг 434 гр) – рост меояд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешида дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 13 731 дона ҳабҳои психотропӣ мусодира шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 4,6 маротиба ё 10 776 ҳаб зиёд мебошад.
Ҳамзамон, аз муомилоти ғайриқонунӣ 84 кг моддаҳои психотропӣ дар шакли хока мусодира шудааст, ки 80 кг 977 грамми онро метамфетамин ташкил медиҳад.
Бештари маводҳои мусодирагардида дар ҳудуди вилояти Хатлон махсусан дар ноҳияҳои назди сарҳади мусодира мегардад, ки он бо роҳи қочоқ аз Афғонистон ворид мегардад. Дар 6 моҳи аввали соли 2024 дар ҳудуди вилояти Хатлон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаю 381 кг маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки 44,6 фоизи мусодираи ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лабораторияҳои истеҳсоли маводи нашъаовар ҷой надошта, онҳо аз дигар кишварҳо алалхусус Афғонистон бо роҳи қочоқ ворид мешаванд.
Мутобиқи маълумотҳои оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11860 (2023-11612) ҷиноятҳои умумӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 248 ҷиноят ё 2,1 фоиз зиёд мебошад.
Аз ин шумора 419 ҷиноят (2023-391) вобаста ба маводи нашъаовар мебошад, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 7,2 фоиз ё 28 ҷиноят зиёд мебошад.
Дар ин давра барои содир кардани ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 515 (2023-428) нафар дастгир карда шудааст, ки 20 фоиз ё 87 нафар зиёд мебошад.
Инчунин, дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳудуди Тоҷикистон бо ҷурми қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 10 (2023-5) шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дастгир шуда, аз онҳо зиёда аз 235 кг (2023 – 80 кг) маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Аз шумораи умумии дастгиршудагон 5 нафар шаҳрвандони Афғонистон, 3 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ва 1 нафарӣ шаҳрвандони Қазоқистону Қирғизистон ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумотҳои аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ ба Агентӣ воридгардида, дар нимсолаи аввали соли 2024 – 528 (2023–610) нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар дигар давлатҳо барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дастгир шуда, аз онҳо ҳамагӣ 96 кг маводи нашъадор мусодира шудааст. Чун ҳамасола бештари дастгиршудагон дар Федератсияи Россия – 502 нафар, 23 нафар дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 3 нафар дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар ва амалишавии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ аз ҷониби Агентӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар вохӯрию мулоқотҳо, семинарҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуданд, ки натиҷаи чорабиниҳо дар сомонаи Агентӣ ҷойгир карда шуданд, ки минбаъд аз онҳо дигар сомонаҳои хабарӣ низ истифода бурдаанд. Инчунин маҷмуъи чорабиниҳо, тавассути воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар шабакаҳои телевизионӣ ва радио пахш гардиданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 тибқи омори расмӣ дар ҷумҳурӣ 4066 нафар нашъаманд дар қайд мебошанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 (4183 нафар) 117 нафар ё 2,8 фоиз коҳиш ёфтааст.
Аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 109 (2023 – 103) нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 нафар зиёд гардидааст.
Айни замон дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор аҳолӣ 40,7 нашъаманд рост меояд.