31 июли соли 2024 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор таҳти раисии муовини раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Самад Зафар Тағой баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзоёни Шуро – намояндагони раёсатњои дахлдори Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон ва роњбарияти вазорату идорањои дахлдор, инчунин аъзои котиботи Шўро иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини раиси Шӯро оғоз намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор ибрози ақида намуд.
Дар ҷаласа ҳисоботи аъзоёни Шӯро – муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси таъмини иљрои талаботи “Стратегияи миллї оид ба назорати маводи нашъаовар дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2030”, шунида шуд.
Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинигардида, маќомотҳои њифзи њуќуќ ва вазорату идорањои дахлдори љумњурї муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин ва иҷро намудани талаботҳои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар, назорати муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин пешгирии нашъамандӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар коҳиши сатҳи нашъамандӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзнома ва фаъолияти минбаъдаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.