8 августи соли 2024 дар вилояти Суғд ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба ташкили амалиётҳои зиддимухаддиротӣ ва дигар самтҳои фаъолият дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти ваколатдор оид ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, мақомоти зиддимухаддиротии ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, ва Федератсияи Россия инчунин, котиботи СААД ва Росфинмониторинг ширкат варзиданд.
Ҷаласаи мазкурро Муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҳимзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд.
Инчунин, дар чорабинӣ оид ба вазъи маводи нашъаовар дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар давлатҳои аъзои СААД шунида шуда, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Аз натиҷаи ҷаласа протокол тартиб дода шуд.